Дар ин бора раиси ин шаҳр Дилшод Расулзода дар нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2017-ум иттилоъ дода гуфтааст, ки ин масҷидҳо бо далели ба меъёри санитарӣ ва ҷавобгӯ набудан ба шарту шароити масҷид баста шудаанд.

Ӯ гуфтааст, ки сокинон бо дархости ба нуқтаҳои иҷтимоӣ, боғча, бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайра табдил додани ин масҷидҳо муроҷиат кардаанд, аммо барои иҷрои ин кор иҷозати Кумитаи кор бо дин лозим аст ва ҳам бояд онҳоро таъмир карду бо дастгоҳҳои лозима муҷаҳҳаз кард.

Дар маҷмӯъ дар ҳудуди Исфара ва ҷамотҳои он 113 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеи марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 100 масҷиди намози панҷавақта ва як калисо амал мекардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here