Тайёрӣ ба интихоботи намояндаҳои парлумон  ва ниҳодҳои маҳаллии Ӯзбекистон беш аз пеш доман гуфтардааст. Барои баргузории он беш аз якуним моҳи дигар боқӣ мондааст.

Дар як брифинг  узви Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Баҳодур Юнусов дар ҷамъи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки ин маъракаи сиёсӣ бар асоси таҳрири нави Кодекси интихобот баргузор мегардад.

— Мувофиқи Кодекси мазкур таъмини ҳуқуқи конститутсионии интихобкунандагон дар мадди аввал гузошта шудааст. Ҳар раис ва аъзои комиссияи ҳавзаҳои интихоботӣ барои таъмини шаффофияти он масъул дониста мешаванд. Дар интихобот раъйдиҳандагони ҳар як ҳавза ба тарафдории яке аз панҷ номзад ба депутатии Олий Маҷлис овоз хоҳанд дод, ки аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд, — гуфт Баҳодур Юнусов.

Дар айни ҳол Комиссияи марказии интихоботӣ маркази матбуоти байналмилалӣ таъсис додааст, ки бо тамоми дастгоҳу сомони зарурии электронӣ,  мизу курсиҳои замонавӣ, компютерҳо ва телевизиор муҷаҳҳаз мебошад. Ба гуфтаи узви Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон, то кунун 200 нафар намояндаи воситаҳои ахбори оммавӣ сабти ном карда шуданд, аммо ин ҳанӯз рақами ниҳоӣ нахоҳад буд.  Дар ин шумор аз Тоҷикистон хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” сабти ном шудааст.

— Барои баргузории интихоботи парлумонӣ ва ниҳодҳои маҳаллӣ 10 ҳазору 252 ҳавзаи интихоботӣ таъсис ёфтаанд. Ҳамчунин, дар 53 корпуси дипломатии хориҷ аз кишвар низ раъйдиҳандагони мо ба ҳавзаҳои интихоботӣ  омада, ба тарафдории номзадҳои дилхоҳи худ овоз дода метавонанд, — тазаккур дод Баҳодур Юнусов.

Гуфта мешавад, ки Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон барои иштироки нозирон ба 49 мамлакати хориҷӣ ва 8 созмони байналмилалӣ даъватномаҳо фиристодааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here