Имрӯз бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон хониши парлумонӣ дар мавзӯи «Тавсеаи фаъолияти мақомоти идораи маҳаллӣ мутобиқ бо дастури Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдулғаффор Раҳмонзода   баромад кард. Ӯ гуфт, дар Паём ба субъектҳои ҳуқуқ эҷодкунанда, аз ҷумла вакилони парламент тавсия дода шуд, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд.

Амалӣ гардонидани ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат -эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ба мақсади боз ҳам обод карданиТоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар равона шудааст аз фаъолияти мақомоти идораи маҳаллӣ вобастагии бевосита дорад.

Дар ин самт аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Аз, ҷумла бо ташаббуси як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи саёҳии дохилӣ” қабул гардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуд. Айни замон такмили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” мавриди омӯзиши вакилони Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ қарор доранд.

Ҳамзамон, бо мақсади омӯзиши заминаҳои ҳуқуқӣ, мушкилиҳои қонунгузорӣ вобаста ба рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хизмати давлатӣ ва дар маҷмуъ фаъолияти мақомоти идораи маҳаллӣ Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ тасмим гирифт, ки хониши вакилиро дар мавзӯи “Тавсеаи фаъолияти мақомоти идораи маҳаллӣ мутобиқ ба дастури Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ” доир намояд.

Сипас, аз  рӯи масъалаи мазкури рӯзнома,  дар назди ҳозирин  муовини якуми раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмурод Толибов, сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфар Мирзозода, муовини раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, мудири кафедраи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллохон Файзалӣ, омӯзгори факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷурабек Қодиров, муаллими калони кафедраи фанҳои ҳуқуқи давлатии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Рубен Авидзба, муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Азамат Бабиев,  раиси иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Муфараҳ Муҳаббатов бо ахборот ва гузориши муфассал баромад намуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here