Имруз дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қариб дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла дида намешаванд, ки ин ҳолат боиси ташвиши масъулони «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон гардидааст.

Роҳбари КФ КВД «Почтаи Тоҷик» Сайдалӣ Мирзоев имрӯз дар нишасти хабариаш гуфт, ки ба раиси вилоят дар бораи ташкили дӯконҳои фурӯши газетаю маҷаллаҳо мактуб кардаанд. Раиси вилоят ин мактубро дастгирӣ ва барои ташкили 50-60 дукони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят қарор қабул карда, ба масъулони мақомоти шаҳру ноҳияҳо фиристодааст.

— Ин 50-60 дукон бояд то охири соли 2020 ташкил шавад, зеро ҳоло дар чанде аз шаҳру ноҳияҳо дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла вуҷуд надорад, — илова кард роҳбари «Почтаи тоҷик».

Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки дар оянда кӯшиш мекунанд, дар назди биноҳои баландошёна қуттиҳои почта ташкил карда, теъдоди обунаро ба рӯзномаву маҷаллаҳо афзоиш диҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here