Дар вилояти Хатлон соли гузашта 2 ҳазору 376 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати соли 2017-ум 554 ҳолат зиёд аст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Сафарзода Зинатгул гуфт, омилҳои ҷудошавии оилаҳо ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустаҳқилона, хушунати хонаводагӣ, бефарзандӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва зӯроварӣ дар хонавода мебошад.

Зикр шуд, ки аз оилаҳои ҷудошуда 75 дарсадашро оилаҳои ҷввон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, дар нишаст зикр гардид, ки дар соли гузашта дар вилоят 430 кӯдак аз тарафи дигар оилаҳо ба фарзандӣ гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбати соли 2017-ум 24 нафар зиёдаст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here