Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 770 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202 адад кам аст.
Сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳуронбӣ Мирсайидзода дар суҳбат ба “Фараж”гуфт, ки омили асосии кам шудани ҷудошавии оилаҳо дар вилоят ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад.
Манбаъ иттилоъ дод, ки аз 1 ҳазору 770 оилаи ҷудошуда, 1 ҳазору 391ададаш тариқи ҳалномаи суд, 376 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ надоранд ва 3 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст.
Номбурад зикр кард, ки ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Норак, Левакант, Носири Хусрав, Восеъ, Данғара, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин коҳиш ёфтааст, аммо дар шаҳру ноҳияҳо, Қубодиён, Ҷайҳун, Кӯшониён, Бохтар, Дӯстӣ, Темурмалик ва Фархор пошхурии оилаҳо зиёд шудаст.
— Баъди пошхурии ин оилаҳо 1 ҳазору 646 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум мондаанд, ки аз онҳо 10 нафарашон дар дар тарбияи падар, боқӣ дар нигоҳубини модарони худ мебошанд, — гуфт Ҳуронбӣ Мирсайидзода.