Дар вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 157 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 254 ҳолат кам мебошад.

Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки аз шумораи ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 675  ҳолаташ бо ҳалномаи суд, 477 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, 5 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст.

Гуфта шуд, ки аз 2 ҳазору 157 оиилаи ҷудошуда 1 ҳазору 405 оилаш ҷавонони то 35-сола, 752 ҳолати дигар аз 35-сола боло, 284 ҳолаташ бо ваколатнома, 1182 оила бо қарори суд, ки фарзанд доранд, ақди 975 оилаи дигар, ки бо қарори суд бекор шудаст ба далели бефарзандӣ ва 9 ҳолати дигар ба иллати зуроварӣ ақди никоҳашонро бекор карданд.

— Баъди пошхурии ин оилаҳо 1 ҳазору 977 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштанд, — илова кард ин шахси масъул ва гуфт, ки баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо аз ҷониби ҳама сохторҳои марбута миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзур карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here