Дар вилояти Хатлон дар соли 2020-ум 149 ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбати соли 2019-ум 9 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора имрӯз, 3 феврали соли 2021, дар нишасти хабарии Прокуратураи вилоят иттилоъ доданд.

Дар нишаст гуфта шуд, дар ин давра 29 ҳолати худкушии ноболиғон ба қайд гирифта шудаст, ки аз он 23 нафарашонро хонандагони мактабҳои миёна ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳодисаҳои ба худкушӣ расонидан 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ва баъд аз ба анҷом расонидани тафтишоти пешакӣ парвандаҳои ҷиноятӣ ба тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан барасӣ намудан ба суд ирсол ва нисбати судшавандагон ҷазоҳои сазовор таъин карда шудаанд.

Дар нишаст, ҳамчунин, гуфта шуд, дар вилояти Хатлон соли гузашта 6 ҳазору 991 ҷиноят ба қайд гирифта шудаст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 1 ҳазору 333 ҷиноят зиёд мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here