Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 77 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор ҳолат кам аст. Дар ин бора  рӯзи 16-уми июл  дар нишасти матбуотии Прокуратураи  вилояти Хатлон хабар доданд.

Аз 77 ҳолати ба қайд гирифташуда 61 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз он 26 нафар зан, 35 нафари дигар  мард буда, 17 нафарашонро нобилиғон ташкил медиҳанд.

Омилҳои даст ба худкушӣ заданро ҷангу ҷанҷоли оилавӣ, бемории руҳӣ, носозӣ бо якдигар ва дар ҳолати сархушӣ муқаррар шудаанд.

— Бештари ҳодисаҳои худкушӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Левакант, Ёвон ва Дустӣ ба қайд гирифта шудааст, — қайд гардид дар нишасти матбуотӣ.

Дар ин давра дар робита ба ҷиноятҳои куштор ва сӯиқасд ба он 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти 6 парвандаи ҷиноӣ ба итмом расонида шудааст. Шаш ҷинояти таҷовуз ба номус дар шаш моҳи соли равон ба қайд гирифта шуда, онҳо пурра ошкор шудаанд.

Дар нишаст, ҳамчунин қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум 3 ҳазору 488 ҷиноят ба қайд гирифта шудаст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 330 ҳолат зиёд аст.

— Ҷиноятҳои содиршуда 863 ҳолат дуздӣ, 119 авбошӣ,  71 муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар, 12 расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 38 расонидани зарари миёна ба саломатӣ,  116 садамаи нақлиётӣ мебошанд. Ошкоршавии ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят 84,27 дарсадро ташкил медиҳад, — зикр шуд дар нишасти матбуотии Прокуратураи  вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here