Дар вилояти Хатлон 475 нафар шаҳрванде, ки тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии мустақар дар вилояти Хатлон вориди кишвар шудаанд, таҳти қарантин қарор дода шуданд, ки аз он 83 нафарашон баъди ба анҷом расидани муҳлати қарантин ҷавоб дода шуданд.
Тибқи иттилои расида 283 нафар муҳоҷире, ки тариқи фурудгоҳи байналминалии Кӯлоб ба ватан баргаштанд дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар барои 14 рӯз таҳти қарантин қарор дода шуданд.
Аз Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, рӯзи 24-уми март тариқи фурудгоҳи байналминалии Кӯлоб 182 муҳоҷир аз шаҳри Маскав ба ватан оварда шуданд, ки 31 нафарашонро дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб таҳти қарантин қарор дода, боқӣ 151 нафарашон дар беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар қарантинанд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки шаби 25 ба 26-уми марти соли равон 132 шаҳрванди дигар аз шаҳри Маскав тариқи фурудгоҳи Кӯлоб ба ватан оварда шуданд, ки ҳамагӣ дар беморхонаи вилояти клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар таҳти карантин қарор дода доранд.
Ба гуфти табибон вазъи саломатии ҳамаи онҳо муътадил буда, ягон нафар бо ҳарорати баланд ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин, аз Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят хабар доданд, ки ҳамаи воситаҳои нақлиёт, ки барои аз шаҳри Кӯлоб то шаҳри Бохтар овардани ин нафарон сафарбар карда шуданд, қабл аз овардан ва баъд аз ба ҷои зарурӣ расондан бо маҳлулҳои махсус безарар гардонида шуданд.
Манбаъ илова кард, ки соҳибкорони маҳаллӣ иқдоми хайрхоҳона нишон дода, барои ҳамаи онҳое, ки дар ин беморхона таҳти қарантин қарор дода шудаанд, маводҳои гигиении шахсӣ дастрас кардаву ҳамчунин то ба анҷом расидани муҳлати қарантинашон таъмини онҳоро бо се вақт хуроки гарм ба уҳда гирифтаанд.