Аз бозору нуқтаҳои савдо ва дигар иншооти вилояти Хатлон наздики 24 тонна маҳсулоти пастсифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта аз муомилот гирифта шуда, беш аз 2 ҳазор соҳибкорон ҷарима шудаанд.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Файзалӣ Бобоҷонов зимни нишасти хабариашон афзуд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2019 аз тарафи мутахассисони марказ 5 ҳазору 838 санҷиш гузаронида шуда, барои риоя накардани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 2 ҳазору 117 нафар соҳибкорон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи он 154 ҳазору 615 сомониро ташкил медиҳад.
Ӯ гуфт, ки аз ин миқдор 12 ҳазору 350 дона тухм, 408 килограм маҳсулоти гӯштӣ, 1 ҳазору 66 кг маҳсулоти қаннодӣ, беш аз 11 ҳазор кг маҳсулоти полезӣ ва дигар маҳсулот мебошанд.
— Дар рафти санҷишҳо барои риоя накардани талабаотҳои санитарӣ 354 иншоот фаъолияташон муваққатан то бартараф кардани камбудиҳояшон баста шуд,- илова кард сардори марказ ва гуфт, ки аз ҷумлаи ин иншоот ҳуҷраҳои стоматологӣ ва 37 сартарошхона мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here