Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, дар вилояти Хатлон 3 миллиону 305 ҳазору 789 нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд, ки аз он 27 дарсадаш ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст.
Ин нуктаро сардори Сарраёсати омори вилояти Хатлон Қурбоншо Ҳакимов дар нишасти матбуотиаш зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи соли равон шумораи аҳолии вилояти Хатлон 771 ҳазору 57 нафар зиёд шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 70 шахси масъул барои нодуруст ва сари вақт пешниҳод накардани маълумоти оморӣ ба маблағи беш аз 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Гуфта шуд, ки бояд зина ба зина ҳама ҳисоботи оморӣ ба таври электронӣ омода карда шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here