Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 241 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд, ки  ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 нафар кам аст.

Сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон Ҳуронбӣ Мирсайидзода дар суҳбат ба “Фараж” гуф,т бештар кӯдаконро оилаҳои бефарзанд аз хонаинтернат ва хешу табори худ ба фарзандӣ қабул кардаанд.

Ба иттилои ӯ, фарзандхонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ёвон, Қубодиён, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Шаҳритуз, Кӯлоб, Шамсиддин Шоҳин зиёд ба қайд гирифта шудааст.

— Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Леваканд, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Кушониён, Панҷ, Дӯстӣ, Ҳамадонӣ,  Темурмалик, Фархор ва  Ховалинг  гирифтани кӯдакон ба фарзандхонӣ нисбати шаш моҳи сол  гузашта кам шудааст, — афзуд номбурда.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here