Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 21 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд гардидааст, аммо бо сабабҳои гуногун 29 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд.

Омили асосии аз фаъолият бозмондани 29 корхонаи саноатии вилоятро сардори  Сараёсати Агентии омори назди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш  муфлисшавӣ, набудани сармоя,  дар марҳилаи барҳамхӯрӣ, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани маблағ, набудани ашёи хом, кӯҳна шудани таҷҳизот, фавти роҳбар ва муфлисшавӣ арзёбӣ кард.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Бохтар, Леваканд, Кӯлоб, Кӯшониён, Хуросон, Данғара, Қубодиён, Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Шаҳритуз, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон аз фаъолият боз мондаанд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки 21 корхонае, ки дар ин давра бунёд шудаанд, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Восеъ, Хуросон, Вахш, Шаҳритуз, Бохтар, Дустӣ,  Ховалинг, Кӯшониён, Ёвон,  Данғара, Балҷувон мебошанд, ки баъди ба истифода қарор гирифтанашон 151 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here