Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо 159 иншооти гуногун бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан баста шудаанд.
Дар ин давра оид ба риояи талаботи санитарию эпидимиологӣ дар 2 ҳазору 890 иншот санҷиш гузаронида шуда, барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидимиологӣ нисбати 1 ҳазору 348 нафар қонунвайронкунандагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣтартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 283 ҳазору 523 сомонӣ ҷарима шудаанд. Дар ин бора имрӯз роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ вилояти Хатлон Нурулло Бояков иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳоии фӯруши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозору нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон ба миқдори 7627,4 кг маводи пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи он беш аз 71 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
— Ҳамчунин, 103 адад бозичаи кӯдакона, ки маблағи 791 сомониро ташкил медиҳанд, аз фурӯш гирифта шуданд, — илова кард ӯ.