Соли 2020-ум дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд. Инчунин нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаҳои ҷинояти оғоз карда шудаст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон итилоъ дода шуд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли гузашта дар самти назорати замин дар бораи бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 116 санҷиш гузаронидаву 3 ҳазору 711 санади прокурорӣ бароварда шуддаст. Бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ  2 ҳазору 92 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, ва маъмурӣ кашида шуда, ба 445 санади ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда шуда, онҳо қонеъ карда шуданд.

Дар нишаст зикр шуд, ки барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 391 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ оғоз карда шудаст. Дар давраи ҷамъбастӣ шумораи умумии санадҳои эътиноӣ нисбати соли 2019-ум 1 ҳазору 155 адад, парвандаҳои ҷиноятӣ 81 адад зиёд гардидаст.

— Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4120 га қитъаи замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 925 га зиёдаст, — қайд гардид дар нишаст.

Итилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи як санҷиши гуруҳи кории Прокуратураи вилоят дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 300 лаҳзаи ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, сохтакории хизматӣ, аз як гуруҳ ба гуруҳи  дигар гузаронидани заминҳо ва суистифода  аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияии ҳокимяти давлатӣ ва Кумитаи замин ошкор карда шуда, нисбати 12 мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ  ба суд ирсол крада шуда, боқимонда парвандаҳои ҷиноятӣ дар арафаи анҷомёбии тафтиши  пешакӣ қарор доранд. Дар нишасти хабари қайд гардид, ки дар ноҳияи Ёвон аз як замини мактаб ба 40 нафар шаҳрванд ғайриқонуни қитъаи замин дода шудаст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here