Аз 11 то 15-уми март дар Душанбе дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Турсунзода силсилачорабиниҳо бахшида ба 100-солагии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографии ба номи Герасимова баргузор мегардад. Дар ин бора аз ДДФСТ ба faraj.tj иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ зиёда аз 40 намоянда, омӯзгорон ва донишҷӯён аз ДДУК ширкат хоҳанд кард.

“Силсилачорабинҳо аз 12-уми март дар якҷоягӣ бо конфронсҳои матбуотӣ оғоз хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз маросими имзои созишнома оид ба ҳамкориҳои байни ДДУК ва ДДФСТ ба нақша гирифта шудааст”, — иброз дошт манбаъ.

Рӯзҳои ДДУК дар ИДМ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ва Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешаванд.

Дар доираи ин чорабинӣ дар назар аст, ки намоишгоҳи корҳои донишҷӯён ва омӯзгорони факултети филологияи ДДУК, намоишгоҳи аксбардорӣ, намоишҳои кино, синфҳои  маҳорати устодӣ, (мастер -класс) барномаи консертӣ ва машғулиятҳои якҷояи донишҷӯён аз ду муассисаи таълимӣ сурат гирад.

“Профессорон ва омӯзгорони таҷирибадор аз ДДУК барои ҳамтоёни тоҷики худ маҳоратҳои устодӣ, семинарҳо, вохӯриҳо, мизҳои мудаввар мегузаронанд”,-афзуд манбаъ.

Ин гуна силсилачорабиниҳо давоми 20 рӯз идома хоҳад ёфт.

Ҳамзамон, гуфта мешавад. ки вохӯрии роҳбари ДДУК бо вазири фарҳанг, вазири маориф ва илм ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон низ сурат хоҳад гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here