Дар факултети методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Тирмиз гурӯҳи тоҷикӣ ифтитоҳ шуд. Сар аз имсол дар ин гурӯҳ барои мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ мутахассисони таълими ибтидоӣ тайёр карда хоҳанд шуд.

Фориғуттаҳсилони синфҳои ёздаҳи мактабҳои миёна, литсейҳои академикӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар метавонанд дар соли таҳсили 2020-2021 ба ин гурӯҳи тоҷикии донишгоҳ шомил шудаву таҳсили худро идома диҳанд.

— Ифтитоҳи гурӯҳи тоҷикии факултети методикаи таълими ибтидоӣ боз як имконияти хуб барои ҷавононест, ки мехоҳанд дар оянда муаллими синфҳои ибтидоӣ шаванд. Дар ин гурӯҳ довталабон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва риёзӣ имтиҳон месупоранд, — гуфт ба мухбири “Фараж” устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев.

Вай илова кард, ки барои ин гурӯҳ 25 ҷой муқаррар шудааст ва аз ин шумор панҷ нафар довталаб метавонанд аз тариқи гранти давлатӣ курсиҳои донишгоҳро ишғол кунанд ва теъдоди боқимонда аз тариқи шарнома ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

Ногуфта намонад, ки ин дуввумин ифтитоҳи гурӯҳи тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз мебошад. Ҳанӯз солҳои аввали касби истиқлоли Ӯзбекистон дар ин донишгоҳ гурӯҳи тоҷикии факултети филология кушода буд ва онро ҷавонони зиёд хатм намуданд. Дар айни ҳоло дар чаҳор курси ин гурӯҳ ҷавонони тоҷик машғули таҳсил ҳастанд.

Ҳамчунин, Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ, воқеъ дар вилояти Тошканд, барои ҷавонони зиёд дари имкониятҳои худро боз намуд. Дар факултетҳои филология, методикаи таълими ибтидоӣ ва таълими томактабии ин донишкадаи омӯзгорӣ ҷавонони тоҷик ба забони модарӣ таҳсил мекунанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона соли равон як гурӯҳ ҷавонон курси сеюмро хатм карданд. Онҳо дар ояндаи наздик эҳтиёҷи мактабҳои таълими умумӣ ва коллеҷу литсейҳоро нисбати кадрҳо бароварда хоҳанд сохт. Ҳамчунин, интизор меравад, ки иддае аз ин ҷавонон баъди хатми донишгоҳ дар соҳаи матбуоти тоҷики Ӯзбекистон ва радиову телевизион  машғули фаъолият мешаванд.

Дар Донишгоҳи давлатии Бухоро низ соли гузашта гурӯҳи тоҷикӣ ифтитоҳ ёфт ва он ҷо низ 25 нафар ҷавон баъди супурдани имтиҳони ҷорӣ ба курси дуюм гузаштанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here