— Дар Британияи Кабир коронавируси намуди навро маълум карданд, — хабар медиҳад вазири тандурустии ин кишвар Мэтт Ҳенкок дар ҳисоботи ҳафтаинааш.

Мэтт Ҳенкок огоҳ кардааст, ки ин навъи коронавирус метавонад боиси афзоиши беморӣ шавад. Айни ҳол дар ин кишвар беш аз 1000 ҳолати гирифторшавӣ ба ин намуди беморӣ муайян карда шудааст.

“Таҳлили аввалия нишон медиҳад, ки ин намуд аз намуди пешина зудтар паҳн мешавад. Дар айни замон мо беш аз 1000 ҳолатро, асосан дар ҷануби Англия,  муайян кардем, ки шумораи онҳо босуръат меафзояд”, — гуфтааст вазири тандурустии Британия.

Инчунин, ӯ илова кардааст, ки аз сабаби зуд паҳншавии коронавируси намуди нав, дар кишвар чораҳои маҳдудкунандаро бояд боз ҳам тақвият диҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here