Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар дар арафаи ҷашни Наврӯз корхонаи истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ, сардхона ва сехи коркарди истеҳсоли меваю сабзавот ба истифода дода мешаванд.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки ин бунёди ин корхона дар маҳалаи Маданияти шаҳр аз ҷониби соҳибкор Қобилҷон Ҷураев идома дорад, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар он 85 дарсад ба анҷом расидаанд.

— Иқдидори ин корона дар як шабона рӯз истеҳсоли 4 ҳазору 500 дона бомпӯш (шифер) мебошад. Харҷи он 4 миллиону 950 ҳазор сомонӣ буда, пудратчиаш   ҶДММ “Бохтар-шифер” мебошад, ки баъди ба истифода доданаш  40 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд, — илова кард ӯ.

Ба гуфти манбаъ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад то охири 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бояд 18 корхонаи саноатӣ бунёд карда шаванд, ки қисме аз онҳо ҳоло  сохта  шудаву аз ин ҳисоб садҳо сокини шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here