Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар имсол як миллион дона гулҳои гуногун шинониданд.

Роҳбари КФД «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳри Бохтар Тоҷиддин  Давлатзода гуфт, ки аз ин гулҳо 500 ҳазораш лола, 31 ҳазор садбарг ва 151 ҳазори дигараш дигар намуди гулҳо мебошанд.

— Ҳоло дар гармхонаҳо зиёда аз 200 ҳазор гули дигар парвариш мешаванд, — илова кард ӯ.

Дар умум, дар шаҳри Бохтар зиёда аз як миллион гулҳои гуногун шинонида шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here