Дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон мегӯяд, ки бар асоси қарори Комиссияи махсуси мубориза бо пахши коронавирус дар баромадгоҳҳои баъзе ноҳияҳои шаҳри Тошканд дубора назорати шадид ҷорӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ин ҳол ба ҳодисаҳои афзоиши бемории коронавирус дар миёни аҳолӣ бастагӣ дорад. Дар минтақаҳое, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани қарантина дар одамон коронавирус пайдо шудааст, навбатдориҳои шабонарӯзӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳамчунин, шаҳрвандони кишварҳое, ки дар он вазъияти эпидемиологӣ ҳанӯз бо ташаннуҷ рӯ ба рӯст, ҳангоми ба Ӯзбекистон ташриф овардан, ҳатман муддати 14 рӯз дар қарантина нигоҳ дошта мешаванд. Муддати қарантинаро меҳмонҳо дар меҳмонхонаҳо сипарӣ мекунанд ва пардохти ҳақи он ба дӯши худи ин шаҳрвандон аст.

Дар ҳамин ҳол то 23-юми июн теъдоди сироятшудагони бемории коронавирус дар Ӯзбекистон 6461 нафарро ташкил додааст. Танҳо дар як рӯз ин теъдод ба 146 нафар афзоиш ёфтааст. Аз ин теъдод саломатии 4450 нафар барқарор шудааст. 1992 нафар зери муолиҷа қарор доранд. Вазъи 15 нафар бемор вазнин арзёбӣ мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here