Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду барқарорсозии 375 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он  24 ададаш ба соҳаи маориф рост меояд.

То  ин ҷашн дар ноҳияи мазкур бунёди 13 муассисаи таълимӣ ва ҳашт кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори “Фараж” мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Амируллозода Далер иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аллакай се муассисаи таълимӣ, аз қабили филиали муассисаи таълимии рақами 19 дар деҳаи Кулхоҷа барои 94 хонанда дар як баст, филиали муассисаи таълимии рақами 14 дар деҳаи Диффат барои 94 хонанда дар як баст, бинои муассисаи таълимии рақами 33 дар деҳаи Муллоконӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст, як кӯдакистон барои 150 кӯдак ва як хобгоҳ барои 400 нафар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар даҳ муассисаи таълимии дигар, корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, идома доранд. Ҳамчунин, то охири соли ҷорӣ боз як кӯдакистони дигар сохта ба истифода дода мешавад, гуфт Амируллозода Далер.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here