Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сохтмони варзишгоҳи марказӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Аз МИҲД ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, ки варзишгоҳ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Гуфта шуд, ки дар сохтмони ин варзишгоҳ беш аз 14 миллион сомонӣ масраф мешавад ва дар он 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

— Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар ба истифода дода мешавад, — гуфтанд аз МИҲД Балҷувон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here