— Дар Қазоқистон воксини русиро бар зидди коронавирус истеҳсол мекунанд, — хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳукумати ин кишвар. Қайд карда мешавад, ки воксин алайҳи коронавирусро маҷмааи дорусозии Карағанда истеҳсол хоҳад кард.
Оғози истеҳсоли воксин аз ҷониби сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин иҷозат дода шудааст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуот, дар маҷмаа қадам ба қадам ду миллион воя воксин истеҳсол хоҳад шуд.
Созишномаи истеҳсоли воксин, ки онро Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиология (ММТЭМ) ба номи Гамале таҳия карда ва дар якҷоягӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия (ФСМР) истеҳсол кардааст, аз ҷониби президентҳои Қазоқистон ва Русия ба имзо расидааст.
Дар асоси натиҷаҳо, мутахассисон воксини мазкурро бехатар эътироф карда, гуфтаанд, ки он масуниятро ба коронавирус эҷод мекунад.
Воксинкунии оммавии “Спутник V”, ки дар Қазоқистон истеҳсол мешавад, аз оғози моҳи феврал шуруъ хоҳад шуд. Воксинкунонӣ хоҳишмандӣ хоҳад гузашт. Дар навбати аввал воксинро коркунони тиб, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳанд гирифт.