Дар шаҳри Қаршии ўзбекистон воқеаи нохуше рӯх дод, ки бар асари он 4 нафар маҷрӯҳ ва ду каси дигар ба ҳалокат расиданд.

Тавре Cun.uz дар такя ба Прокуратураи генералии ин кишвар хабар додааст, воқеа 5-уми май пайни падару писар рух додааст. Баъди муноқишаҳои оилавӣ писари хона марди 46-сола ба пойаш занҷир баста, ба сари худ ва падараш бензин рехтааст. Дар натиҷа бадани ҳарду сӯхта вафот кардаанд. Арӯси ин хонавода бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, ки кӯшиши хомӯш кардани алангаи оташро дошт, дар беморхона бистарӣ гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here