Дар арафаи ҷашни иди Қурбон нархи чорвои хурду калон дар бозорҳои кишвар гарон шудааст.
Ба гуфтаи харидорон, аз ҷумла соҳибони дӯконҳои гӯштфурӯшӣ, дар ду ҳафтаи охир нархи чорво афзудааст. Мувофиқи маълумоти ҳисобшуда афзудани нарх барои чорво, махсусан чорвои хурд, 25-30 дарсад мушоҳида шудааст.
Дар арафаи Иди Қурбон дар бозорҳои кишвар арзиши як гӯфанди вазнаш 30-
Бояд қайд кард, ки нархи гӯшт дар бозорҳо ва дӯконҳои гӯштфурӯши пойтахт бетағйир монда, айни замон нархи як килограмм гӯшт 36-38 сомониро ташкил медиҳад.