Коршиносони СММ ҳукумати Сурияро дар ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Хон-Шайхун айбдор мекунанд. Дар ин бора дар гузориши Механизми муштараки СММ ва Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ хабар дода шудааст.

Пажӯҳиш чанд моҳ давом карда, коршиносон ба хулоса омадаанд, ки бомбаи кимиёвии дар шаҳр партофташуда гази заҳролуд доштааст. Дар гузориш гуфта мешавад, снарядҳо аз силоҳҳое партофта шудаанд, ки танҳо артиши Сурия чунин силоҳ дорад.

Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ эълон карда буд, ки режими президенти Сурия Башор Асад дар ҳамлаҳои кимиёвӣ даст дорад. Ҳукумати Сурия ин иттиҳомро рад мекунад. Мақомоти Сурия мегӯянд, онҳо моддаи заҳролуд надоранд.

Намояндагони Русия низ ба даст доштани артиши Сурия дар ҳамлаҳои кимиёвӣ шубҳа доранд. Ҳафтаи ҷорӣ Маскав қатъномаи СММ дар бораи таҳқиқи ҳамлаҳои кимиёвӣ дар Сурияро таҳрим кард. Фаъолияти муштараки ду созмон камтар аз як моҳи дигар ба охир мерасад.

Дар натиҷаи ҳамлаи кимиёвӣ дар шаҳри Хон-Шайхуни вилояти Идлиб дар ибтидои моҳи апрел на камтар аз 87 одам кушта ва бештар аз 550 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here