Дирӯз таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуд, ки соли 2017 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои меҳнаткашон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Сипас, ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд. Гуфта шуд, ки ба рушди иқтисодӣ як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла афзоиши маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 фоиз ва гардиши савдои чакана 6,6 фоиз мусоидат намуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,1 фоиз таъмин гардида, ба он 19,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 13 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 102,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 98 фоиз таъмин карда шуд.

Ҳисоботи вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб шунида шуд.

Президент камбудиҳои вазири молияро оид ба иҷрои нокифояи қисми даромади буҷети давлатӣ, ба амал омадани қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, татбиқи нокифояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”, сари вақт пардохт нагардидани қарзҳо аз ҷониби субектҳои қарзгир, нишон дода, ислоҳи саривақтии онро талаб намуд.

Вобаста ба иҷро нагардидани нақшаи 4 намуди андоз ва ба буҷети давлатӣ ворид нашудани 400 миллион сомонӣ, ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ тадбирҳои муҳиму мушаххас андешанд.

Фаъолияти Хадамоти гумрук натиҷагирӣ карда шуда, аз иҷро нагардидани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба амалҳои коррупсионӣ даст задани кормандони Хадамоти гумрук, иҷрои ғайриқаноатбахши татбиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ, воридоти маҳсулоти гуштии пастсифат, муҳлаташон гузашта ва ба саломатии инсон зараровар, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар,  директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2017,  директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон оид ба вазъи пешгирии қонуншиканиҳо дар самти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, қонуншиканиҳо дар самти тақсимоти заминва дигар паҳлуҳои фаъолияти соҳа ҳисобот доданд.

Дар идомаи кори маҷлис ҳисоботи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар соли 2017 зиёда аз 22 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ҷиноятҳои марбут ба амалҳои террористию экстреместӣ, куштор, роҳзанию ғоратгарӣ, нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истифодаи ғайриқонунии силоҳ ва ғайра мебошад.

Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон Саид, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар соли 2017 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҷиноятҳои марбут ба андоз ошкор карда шудаанд, ки ҳаҷми зарар аз ҳисоби ин ҷиноятҳо 208 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин монанд зарарҳои молиявӣ, ҳамчунин дар ҳисоботи раиси Палатаи ҳисоб Фаррух Ҳамрализода таъкид карда шуд.

Дар маҷлис доир ба самтҳои фаъолият дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳбарони вазоратҳои номбурда ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни гузориши худ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2017 тазаккур дод.

Дар охири кори ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба аъзои ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои паёми президент ба Маҷлиси олӣ, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here