Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо гуфт, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

Сабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.

— Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад, — илова кард ӯ

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун  103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-уи шаш ҳолат зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here