Дар ағбаҳои Фахробод, Левакант ва Султонободи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.

Муовини сардори Муассисаи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар Набиҷон Ёқубов гуфт, барои гузаронидани фасли зимистон ва тоза кардани роҳу ағбаҳо аз барф дар муассисаҳои зетобеи идора ба миқдори 6 ҳазору 112 метри кубӣ омехтаи қуму намак захира карда шудаст.

Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки барои зимистонгузаронӣ 69 техника дар ҳолати корӣ қарор доранд, ки  7 адад дар ағбаи Фахробод,  5 адад дар ағбаи Леваканд  ва 9  техникаи дигар дар ағбаи Султонобод вобаста шудаанд.

— Айни ҳол вазъ дар ҳарсеи ағба хуб буда, рафтуомади воситаҳои нақлиёт пурра таъмин мебошад, — гуфт ӯ.

Роҳбари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант Наҳтуло Олимов илова кард, ки  вазъи ағбаи Левакант ҳоло хуб мебошад:

— Мо қуму намак пошидем, ҳоло 34 коргар ва чор техника дар ағба вобаста шудаанд, то ҳаракати воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.

Роҳбарони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон ва Ёвон низ гуфтанд, ки вазъ дар ағбаҳои  Фахробод ва Султонобод хуб буда, воситаҳои нақлиёт бе мушкил дарҳаракатанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here