Футболбози тоҷиктабори клуби футболи «Зенит»-и Санкт-Петербург, ки орзуи дар дастаи мунтахаби футболи Русия бозӣ карданро дошт, ахиран аз ҷониби сармураббӣ Станислав Черчесев ба ҳайати васеи даста даъват шудааст.

Гуфта мешуд, ки Далер Кузяев, ки падараш тоҷикистонӣ будааст, аз ҷониби роҳбарияти ФФТ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон даъват шудааст, аммо ӯ ин даъватро рад кардааст. Баъди ба клуби «Зенит» гузаштан, Далер 3 гол зада, 1 партофти головар ҳам кардааст, ки ин диққати Черчесевро ба худ ҷалб кардааст.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби футболи Русия:

Дарвозабонҳо: Андрей Лунёв («Зенит»), Александр Селихов («Спартак»), Андрей Синитсин («Краснодар»).

Муҳофизатгарон: Владимир Гранат, Руслан Камболов, Элмир Набиуллин (ҳама аз «Рубин»), Вячеслав Караваев («Спарта» Чехия), Иля Кутепов («Спартак»), Роман Нойштедтер («Фенербахче» Туркия), Марио Фернандес (ССКА), Евгений Чернов, Виталий Шахов (ҳарду аз «Тосно»).

Ниммуҳофизатгарон: Владислав Игнатев, Алексей Миранчук, Антон Миранчук, Дмитрий Тарасов (ҳама аз «Локомотив»), Далер Кузяев («Зенит»), Магомед Митришев («Ахмат»), Павел Могилеветс («Ростов»), Магомед Оздоев («Рубин»), Вячеслав Подберёзкин («Краснодар»), Константин Рауш («Кёлн» Олмон), Дмитрий Стотский («Уфа»), Денис Черишев («Вилярреал» Испания).

Ҳуҷумкунандаҳо: Антон Заболотний (Тосно»), Владимир Илин («Урал»), Максим Канунников («Рубин»), Кирилл Панченко («Динамо»).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here