Дар вилояти Хатлон соли 2020-ум 446 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 69 ҳолат кам аст. Дар ин бора аз Шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон имрӯз, 3 феврал, иттилоъ доданд.

Масъулони ниҳоди мазкур гуфтанд, дар ин сол 2 ҳазору 414 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 226 ҳолат кам аст. Дар вилоят дар соли 2020-ум 10 ҳолати бастани ақди никоҳи сокинони  вилоят бо хориҷиҳо сабт гардидаст.

Бастани ақди никоҳ дар умум 24 ҳазору 782 ҳолатро ташкил медиҳад ва ин шумора низ нисбати соли гузашта наздики 5 ҳазор кам аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари кам шудани дигар сабтҳо мутассифона сабти вафот дар вилоят зиёд шудаст. Дар соли 2020 дар сатҳи вилоят 14 ҳазору 244 сабти вафот ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 ҳазору 827 ҳолат зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here