Марди 33-солаи сокини деҳаи Қизилпартизани ноҳияи Бохтар дар хонаи истиқоматиаш маҷрӯҳ пайдо шудааст, ки касе ба воситаи олоти халандаю буранда ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст. Мутаасисфона, ҳангоми ба беморхона расонидан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 08:00 ШВКД дар ноҳияи Бохтар ин хабарро гирифта, зимни доир кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бостонқалъаи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 240, 220, 89, 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир кардааст.

Муайян карда шудааст, ки номбурда дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи оилавӣ қасдан бо корд ба узвҳои бадани ҷабрдида зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи модддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here