Дар муноқишаи ду ҷавон яке аз зарби латукӯб ба бемористон афтода, аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст.

Кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии каси дигар дастгир кардааанд. Ин ҷавон, 8-уми январи соли 2018, тахминан соати 19:00, дар назди нуқтаи фурӯши сузишвории “Аорум ойл”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бо ҷавонпи ҳамсоли худ, сокини ҷамоати мазкур даъво кардааст. Муноқиша ба ҷангу ҷанҷол карда кашида шуда, яке дигареро зери лату кӯб қарор додааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here