Вақтҳои охир аксари даъвоҳои оилавию кӯчагӣ бо куштор ё захмдор кардани тараф ба охир мерасанд, ки бо истифода аз корд анҷом дода шудаанд. Маркази матбуоти ВКД аз ду ҳолати захмдор шудани одамон аз корд дар муноқишаҳои оилавию кӯчагӣ хабар дод.
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ қасди бади марди 41-солаи сокини шаҳри Гулистонро ошкор кардаанд, ки бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонабар дониста мешавад. Номбурда, рӯзи 8-уми декабри соли 2017, тахминан соати 23:30, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 32-сола даъво роҳ андохта, бо корди 3-4 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш ва ба узви бадани худаш задааст. Дар натиҷа ҳарду ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст. Ин мард рӯзи 8-уми декабри соли равон, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар назди бозори марказии ноҳияи Данғара дар ҳолати мастӣ қарор доштан бо марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1 маротиба ба қисми чапи шикамаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.