Маркази матбуоти ВКД аз даъвоҳои шаҳрвандон хабар дод, ки дар ин муноқишаҳо аз корду табар кор гирифта шудаанд ва боиси ҷароҳат бардоштану бистарӣ шудани тарафҳо гардидааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, рӯзи 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 20:00-, дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Иқбол бо марди 48-солаи ҳамдеҳааш даъво карда, бо табар 1 маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 25-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.  Номбурда, 17-уми августи соли 2018, тахминан соати 17:00, дар заминҳои кушоди ҳудуди маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд бо марди 25-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша карда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, тараф мувофиқи маълумотномаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here