Нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба андозаи  92,9 дарсад таъмин гардидааст, ки ба буҷет нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 372,5 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст. Нақшаи андозҳои дохилӣ дар ин давра 5 миллиарду 259 миллион сомонӣ буда, 4 миллиарду 387 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Раиси Кумитаи андози кишвар Нусратулло Давлатзода имрӯз, 30 юми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз дар нимсолаи аввалро шарҳ дод.

Давлатзода гуфт, омилҳое, ки сабаби таъмин нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ гардиданд, ин нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар аксар шаҳру навоҳӣ, фаъолият накардан ва коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандишаванда аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳову ширкатҳои хизматрасонии ҳамин соҳаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, муваққатан фаъолият накардани як қатор субъектҳои хоҷагидор, аксар бозорҳо ва марказҳои калони тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, кам гардидани воридоти мол ба қаламрави мамлакат, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана ва ногувор шудани вазъи молиявии баъзе корхонаҳо, паст гардидани қобилияти харидории шаҳрвандон ва кам шудани шумораи коргарон дар аксарияти субъектҳои хоҷагидор мебошад.

— Вазъи ба амаломада вобаста ба вируси ҳамагири COVID-19 низоми андозсупории андозсупорандагонро коҳиш дод. Дар нимсолаи аввал аз шумораи умумии ашхоси ҳуқуқии амалкунанда беш аз 13 дарсад (4560 адад) муваққатан аз фаъолият бозмонда, зиёда аз 15,0 фоизи чунин субъектҳо (5200 адад) ҳисоботи худро ба мақомоти андоз ба таври сифрӣ ё ин, ки дар дигар ҳолатҳо зиёда аз 10 ҳазор андозсупоранда эъломияҳои андозияшонро сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод накарданд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мо 577 миллион сомонӣ кам маблағ ҷамъ кардем, — гуфт Давлатзода.

Гуфта шуд, бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми июли соли равон 997,0 миллион сомониро ташкил додааст, ки назар ба 1-уми январи соли 2020-ум 417,0 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here