Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон (Каритас Олмон) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИАҶТ) 26 тонна кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштиро бо арзиши 33,000 евро ба ноҳияҳои Шаҳритузу Айнӣ воқеъ дар ҷанубу шимоли Тоҷикистон таҳвил дод. Кумаки башардӯстона тавассути ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “Шифо”, “АЗИТ” ва “ДАРО” дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба оилаҳои осебпазир тақсим карда шуд.

Дар умум 5,800 оилаи дорои узви маъюб (3,000 дар Шаҳритуз ва 2,800 дар Айнӣ) маҷмӯи беҳдошти шахсӣ иборат аз ниқобу собуни моеъ ва маҳлули безараргардонӣ дарёфт намуданд. Аз миёни оилаҳои манфиатбаранда, 1,100 хонаводаи камбизоат (700 дар Шаҳритуз ва 400 дар Айнӣ) илова бар маҷмӯи беҳдоштӣ инчунин бастаи озуқавории дорои орду равған, шакару макарон, биринҷу намак ва гӯгирд дастрас намуданд. Ҳамчун чораи эҳтиётӣ, 130 корманди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва ризокор (70 дар Шаҳритуз ва 60 дар Айнӣ), ки ба раванди тақсимот ҷалб гардида, минбаъд низ кори худро бо шахсони дорои маъюбият (ШДМ) дар давраи пандемияи COVID-19 идома медиҳанд, бо маҷмӯи муҳофизатии шахсӣ иборат аз ниқобу дастпӯшакҳои якккарата ва маҳлули безараргардониву сачоқчаҳои намнок таъмин карда шуданд.  Ин амали хайрия бо мақсади эмин нигоҳ доштани оилаҳои осебпазир, алалхусус ШДМ аз сирояти коронавирус анҷом дода шуд.

Илова бар ин, 320 маҷмӯи воситаҳои муҳофизатии шахсӣ (ВМШ) иборат аз либоси яклӯхт (комбинезон), респиратор ва айнак ба 5 муассисаи тандурустии зери карантин қарордошта дар шаҳри Душанбе эҳдо карда шуд. Каритас Олмон ҳамроҳ бо намояндаи Раёсати ҳифзи иҷтимоии ВТҲИАҶТ маҷмӯи ВМШ-ро ба муассисаҳои тандурустии ниёзманд тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи ВТҲИАҶТ тақсим намуд.

Ин иқдоми башардӯстона дар чорчӯбаи ду лоиҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон айни замон дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Айнӣ татбиқ мегарданд, гирифта шуд. Мақсади лоиҳаҳои мазкур беҳтар кардани ҳаёти ШДМ ва мусоидат намудан ба фарогирии иҷтимоии онҳо тавассути як қатор омӯзишу машғулиятҳои тавонбахшӣ, таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ, касбомӯзӣ, беҳгардонии дастрасии ШДМ ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва коҳиши хатари офатҳо ва ғ. мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз миёнаҳои моҳи апрел то имрӯз, ин сеюмин кумаки таъҷилии башардӯстона аст, ки Каритас Олмон бо истифодаи маблағҳои худ ва донорҳо, аз ҷумла Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID-19 ба Тоҷикистон мерасонад.

Ғайр аз кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштӣ, Каритас Олмон барои таҳия ва нашри 600 нусха Дастурамали вокуниши  кормандони  муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар давраи пандемияи коронавируси COVID-19 ба ВТҲИАҶТ кумаки молию техникӣ расонид. Дастурамали мазкур аз тарафи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар саросари кишвар мавриди истифода қарор мегирад. Дар асоси тавсияву таҷрибаҳои пешқадам ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, ҳамчунин як варақа (постер)-и иттилоотӣ роҷеъ ба COVID-19 бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ таҳия ва дар миёни манфиатбарандагон тақсим карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here