Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 5 ҳазору 116 ҳолати марг бо сабаби сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи умумии мубталоён дар ИМА ба 215 ҳазору 417 нафар расидааст. Вазъи аз ҳама мушкилтарин дар иёлати Ню-Йорк аст, ки дар он 83 ҳазору 900 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон пешсаф аст. Дар ҷои дуюм Италия бо зиёда аз 110 ҳазору 574 нафар сироятёфтагон ва дар ҷои сеюм Испания бо теъдоди зиёда аз 104 ҳазору 118 нафар қарор доранд, хабар медиҳад kun.uz.
Дар Италия 13 ҳазору 155 нафар, Испания 9 ҳазору 387 нафар, ИМА 5 ҳазору 116 нафар, Фаронса 4 ҳазору 32 нафар,Чин 3 ҳазору 312 нафар, Эрон 3 ҳазору 36 нафар, Британияи Кабир 2 ҳазору 352 нафар, Нидерландия 1 ҳазору 173 нафар, Олмон 931 нафар ва Белгия 828 нафар фавтидаанд. Ин кишварҳо даҳгонаи кишварҳоеро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо шумораи зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки 11-уми март хуруҷи COVID-19-ро дунёгир эълон карда буд, рӯзи 2-юми апрел дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд, ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш дод.