Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ба амалишавии лоиҳаҳои ҳавасмандкунӣ барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ дар қисми шарқии Тоҷикистон, оғоз кард. Ин лоиҳаҳо 15,000 нафар шахсони эҳтиёҷмандро, ки аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии COVID-19 зарар дидаанд, фаро хоҳанд гирифт.

Тавассусти  лоиҳаҳои мазкур, ки барои се моҳ ба нақша гирифта шудаанд, 3,000 нафар иштирокчӣ ва аъзои оилаи онҳо барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла барқарорсозӣ ва ё сохтмони объектҳо ба мисли каналҳои обёрикунанда, хатҳои оби нӯшокӣ ва ҷангалзорҳо дар деҳот, бо маблағи пулӣ ҳавасманд карда мешаванд.

“Гарчанде ин лоиҳаҳо ба оилаҳо дар қонеъ кардани ниёзҳои асосии хӯроквории онҳо кумак мерасонанд, инчунин тавассути ворид кардани пули нақд бозори маҳаллиро ҳавасманд мегардонанд ва дороиҳои дарозмуддатеро барои шахсоне, ки мо кӯмак мерасонем, эҷод мекунанд. Ин дороиҳо ба тамоми аҳолии деҳот хизмат хоҳанд кард,” қайд намуд намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Албэрто Коррейя Мендес.

Лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон ва ташкилоти ҷамъиятии  “Имдоди деҳот” амалӣ мегарданд.

БОҶ ба оилаҳое, ки ба таври доимӣ аз ҷиҳати таъмини озуқаворӣ ноамн мебошанд, бахусус аксари оилаҳое, ки дар онҳо занон сарварӣ мекунанд ва ҳоло зери таъсири иҷтимоию иқтисодии марбут ба пандемия дар ҷаҳон қарор доранд, аз ҷумла таъсири болоравии арзиши маводи ғизоӣ ва коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Барои мусоидат дар таъмини баробарии гендерӣ ва тавонмандии иқтисодии занон дар Тоҷикистон, БОҶ занонро дар амалишавии ҳамаи лоиҳаҳо ҷалб хоҳад кард ва кӯшиш менамояд 60% кӯмакгирандагонро занон ташкил диҳанд.

Аз соли 1993 инҷониб, БОҶ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои мустаҳкамкунӣ, идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлимро амалӣ мекунад. Дар соли 2019, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тавассути лоиҳаҳои эҷоди устуворӣ дар саросари кишвар тақрибан ба 30,000 нафар кӯмак расонд. Ғайр аз ин, БОҶ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мустаҳкам намудани иқтидори омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва андешидани чораҳои ҷавобӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаро дастгирӣ карда, ба таҳкими фаъолияти иқтидори Гурӯҳи фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда ва Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, саҳм мегузорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here