Дар натиҷаи канда шудани қубури махзани интиқоли оби кон, роҳи баромади чор нафар кӯҳканро, ки дар дохили кон будаанд, бастааст. Дар ин бора КҲФ иттилоъ медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи 17-уми июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба Ҷамъияти саҳҳомии Кушоди “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд рух дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар аввалин бозрасӣ маълум гардид, ки сабаби ин ҳодиса канда шудани қубури махзани интиқоли оби кони рақами 8 аз қубури гармидиҳанда будааст. Дар натиҷаи фалокат қубур ба чоҳи кон сарозер шудааст ва роҳи хуруҷи ангиштканонро, ки ин замон дар дохил буданд, бастааст.

Панҷ  нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳаводиси нохӯш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов чаҳор тан кӯҳкани дар умқи 270 метр дармондаро берун оварданд ва ҷонашонро аз хатар наҷот доданд

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз ҷониби наҷотдиҳандагони кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд аз умқи 270 метр 4 кӯҳкан наҷот дода шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here