Ҷавонони футболбози Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Узбекистон доир мешавад, дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои ҳамсолонашон аз Қатар, Малайзия ва Яман бозӣ мекунад.
18-уми июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала Лумпур, ҳамчунин қуръакашии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд. Дар натиҷа, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои ҷавонони Қатар, Малайзия ва Яман ба гурӯҳи “D” шомил шуданд.
Дар Чемпионати 41-уми Осиё миёни ҷавонони то 19-сола, ки аз14 то 31-уми октябри имсол дар Узбекистон баргузор хоҳад шуд, 16 даста иштирок мекунанд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чор гурӯҳи иборат аз чордастаӣ таъсис ёфт.
Аз ҳар гуруҳ дудастаӣ имкони ба даври минбаъда баромаданро доранд. Дар сурати ба даври чорякфинал роҳ ёфтан футболбозони ҷавони мо бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Арабистони Саудӣ, Австралия, Ветнам ё Лаос вомехуранд.
Чор дастаи беҳтарини қора ба Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола, ки соли 2021 дар Индонезия доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-19):
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Камбоҷа, Эрон.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ироқ, Баҳрайн.
Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Австралия, Ветнам, Лаос.
Гурӯҳи «D»: Қатар, Тоҷикистон, Малайзия, Яман.