Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-16), ки дар даври финалии Чемпионати Осиё-2018 ширкат дорад, дар вохӯрии дуюм бо дастаи мунтахаби наврасони Ҷопон мусовӣ кард. Наврсони кишвари мо дар бозии якум бо натиҷаи 2:6 аз соҳибои майдон – Малайзия шикаст хӯрда буданд.

Бозӣ бо Ҷопон 23 сентябр дар варзишгоҳи «UM Arena»-и шаҳри Куала Лумпур бе задани гол анҷом ёфт – 0:0. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи Тайланд бар дастаи мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.

Баъд аз натиҷагирии ду давр дар гурӯҳи “А” Ҷопон бо 4 хол дар ҷои аввал аст. Тайланд ва Малайзия бо 3-холӣ дар зинаҳои дуюуму сеюм қарор доранд. Тоҷикистон бо 1 хол дар ҷои чорум мебошад.

Акнун тақдири роҳхат ба даври дигар дар бозии ниҳоии гурӯҳ ҳал мешавад. Тоҷикистон барои баромадан ба даври чорякфинал бояд бар дастаи Тайланд ғалаба кунад ва дастаи Ҷопон низ бар Малайзия бояд пирӯз гардад.

Даври финалии Чемпионати Осиё-2018 миёни 16 дастаи наврасони то 16-сола 20 сентябр оғоз гардид ва то 7 октябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпур идома меёбад.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов 26 сентябр дар вохӯрии охирини гуруҳӣ бо дастаи Тайланд вомехуранд. Оғози бозӣ — соати 13:45 (бо вақти Душанбе) дар назар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here