Вирусе, ки аз нимаи дуюми моҳи январ дар музофоти Вуҳани Чин ба вуҷуд омада, то кунун 170 нафарро куштаву 7700 кас ба он сироят ёфтааст, имрӯзҳо нигаронии шаҳрвандони мамолики сайёра ва мавҷи эътирозҳоро ба вуҷуд овардааст. Ин эпидемия бо номи коронавирус нахустин бор дар Вуҳани Чин ба вуҷуд омада, ҳамакнун ба бештари мамолики дунё интиқол ёфтаааст.

Вуҳан – маркази музофоти Хубейи Чин буда, дар он 11 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. То ба имрӯз, эпидемия боиси ҳалокати беш аз 170 нафар ва сироятёбии анқариб 8 000 сокини ин минтақаи сайёра гардидааст. Аз лаҳзазаи авҷи  вирус вуруду баромади сокинон ба Вуҳан қатъ шудааст.

Бузургтарин офати табиӣ Вуҳан дар гузашта ин фурудоии метрополияи ҷозибадор дар мавзеи камдарахт, дар соли 2016 буд, ки боиси ҳалокати 14 нафар ва овардани 263 миллион доллар хисорот, ба мамлакати Чин гардида буд. Тобистони соли 2019 шаҳри Вуҳан бар асари боришоти зиёд дучори обхезӣ гардид. Вуҳан дар мамлакатҳои дунё бо номи “шаҳри сад кӯл” шинохта шудааст. Вирусе, ки ҳамакнун дар ин шаҳр ба вуҷуд омадааст, бузургтарин офат дар давоми чанд даҳсола унвон шудааст.

Манъи вуруди миллионҳо нафар ба Вуҳан норозигии сокинони ин шаҳрро ба вуҷуд овардааст, зеро захираҳои озуқа  дар ин макон дар ҳоли ба итмомрасианд.

Мақомоти Чин гузориш додаанд, ки бозори баҳрии Вуҳан манбаи авҷи вирус ба ҳисоб меравад. Ин гузоришро ҳам мақомдорон пас аз он содир карданд, ки ба гуфтаи олимон коронавирусҳоро аз хукҳои ваҳшии ин бозор ба вуҷуд омадаанд.

Аммо маҷаллаи академии вирусологии тиббии Чин, рӯзи 22-юми январ гуфта буд, ки вирус, тавассути морҳо ба мардум интиқол ёфтааст.

Пажуҳишгоҳи вирусологии Вуҳан дар соли 2016, интиқолёбии вируси каронаро тавассути ҳайвонот, исбот намуда буд.

Агетии иттилоотии Ал-Арабия хабари аз ҷониби Амрико, ҳамчун силоҳи биологӣ омода шудани коронавирусро рад мекунад.

— Иддаои маъмултарин дар бораи он, ки вирус дар озмоишгоҳ сохтаву, сабту истироҷ шудааст, ё коронавирус як силоҳи биологие мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА барои баланд бардоштани талабот ба ваксинаҳо омода гардидааст, бо назарияе ибот нашудаанд, — менависад Ал-Арабия.

Дар як нишасти матбуотие, ки рӯзи 26-уми январ коршиносони эпидемиологии Доишгоҳи Ҳонконг Ҷозеф Ву ва Габриел Леунл доир карданд, гуфта шуд, ки таҳқиқоти маълумот нишон медиҳанд, ки шумораи сироятёфтагон дар ҳар шаш рӯз метавонад дучанд шавад.

— Сабаб он аст, ки коронавируси нав дар давраи инкубатсия низ сироят меёбад. Ин маънои онро дорад, ки сироятшудагон ягон аломатро ба зудӣ нишон намедиҳанд, — гуфт Леунг. Ӯ афзуд, ки ин вирус бо суръати хеле баланд афзоиш меёбад.

Гузориши Леунг кори Созмони беҳдошти саломатӣ ва Ҷумҳурии мардумии Чинро дар мавриди ихтирои намудҳои нави ваксинаҳои антивирусӣ суръат дод.

Вазорати кишоварзии Чин 30-юми январ, тавлидкунандагони ғизо ва мурғпарваронро барои дубора истеҳсол кардани маҳсулот даъват кард. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Чин, хуруҷи вирус боиси болоравии нархҳо ва таъминоти нокифояи озуқаворӣ дар баъзе аз шаҳрҳои Хитой гардидааст.

— Сокинони Чин ба воҳима афтода аз харидани озуқаворӣ ва интиқоли маҳсулот худдорӣ мекунанд, — менависад вебгоҳи Вазорати кишоварзии Чин.

Шаҳрвандони Чин, ки дар мамлалатҳои хориҷа зиндагӣ мекунанд, аз васоити ахбори оммаи ҷаҳон талаб кардаанд, то эътироз алайҳи табъиз нисбати онҳоро, боло баранд. Шаҳрвандони чинии муқими Фаронса рӯзи 30- юми январ намоиши эътирозиеро бо номи “Мо вирусӣ нестем”, оғоз карданд.

ВАО-и чопии дунё карикатураҳое нашр кардаанд, ки ба унвони маводи зидди чинӣ шарҳ дода шудаанд. Дар ҳамин ҳол рӯзномаи даниягии Jullands-Posten карикатураеро бо тасвири парчами Чин бо ситораҳои зард, ки дар кунҷи чапи болоии парчам пайдо шудаанд, бо тасвири коронавируси нав ҷой додааст. Барои иҷрои ин кор сафорати Чин аз рӯзномаи Jullands-Posten ва рассом Нилс Бо Божесен талаб кардааст, ки аз мардуми Чин бахшиш пурсад.

— Бе ягон дудилагӣ, ин амали рӯзнома сарҳади ахлоқии озодии суханро убур карда, виҷдони инсониятро таҳқир кардааст, — омадааст дар изҳороти сафоратхонаи Чин дар Дания.

Вале рассом Бо Божесон талаби бахшиши намояндагони сафоратхонаро рад кардааст.

“Мо наметавонем, бахшишро барои чизе, ки ба он бовар надорем, қабул кунем” – гуфтааст Божесон ба агентии Ритзау. – Мо нияти паст задан, ё  таҳқир кардани вазъ дар Чинро надорем.

Ба ин монанд рӯзномаи Jullands-Posten соли 2005 расмҳои Пайғомбар Муҳаммадро нашр карда буд, ки мавҷи эътирози мусалмонони дунёро ба вуҷуд оварда буд.

Сиёсатмадорони Дания аз мақомоти Чин хостаанд, ки ба рӯзнома фишор наоваранд.

Дар мавриди интиқоли маҳсулот ба нуқоти гуногуни Чин  субҳи 30–юми январ Вазорати нақлиёти ин кишвар бо пахши як изҳорот аз мақомоти маҳаллӣ дархост кард, ки  сарфи назар аз сар задани вирус, шоҳроҳҳо ва роҳҳои асосии байни вилоятҳоро набанданд.

Чанд рӯз қабл овозае паҳн шуд, ки гӯё коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ интиқол ёфтааст, вале Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бо пахши изҳороте ин иддаоро рад кард.

Бештари кишварҳои дунё парвози ҳавопаймоҳои худро ба Хитой қатъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол вазири Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр 29-уми январ зимни нишасти матбуотии вазораташ иброз намуд, ки парвоз ба Хитой аз ҷониби Тоҷикистон комилан манъ шудааст.

— Дар дидбонгоҳҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Хадамоти санитарии Вазорати нақлиёт амал мекунад, ки ҳамаи мусофирон давр ин шабу рӯз ҳангоми вуруд аз ташхиси ин хадамот мегузаранд. Парвоз низ то рӯзи 5-уми феврал ба Чин мутаваққиф шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here