Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии халқии Чин гуфт, ки консулгарии генералии ИМА дар Чэндуро расман бастааст. Пас аз он, намояндагони мақомоти маҳаллӣ тавассути дарвозаи асосӣ ба биноҳои муассиса ворид шуда, «онро зери тобеияти худ гирифтанд».

Намояндагии дипломатии Амрико дар Чэнду соли 1985 кушода шуд, ки он барои ҷанубу ғарби кишвар, аз ҷумла вилоятҳои Сичуан, Юннан, Гуйчжоу, Вилояти Мухтори Тибет ва шаҳри тобеи марказии Чунсин масъул буд.

Рӯзи 21-ум июл Иёлоти Муттаҳида Консулгарии генералии Чинро дар Хюстон бо истинод ба зарурати ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва иттилооти шахсии амрикоиҳо баст. Дар Пекин онро таҳрики сиёсӣ номиданд ва «иқдомоти ҷавобии қатъӣ» ваъда доданд.

Рӯзи дигар, Вазорати умури хориҷаи ҶХЧ ба сафорати ИМА хабар дод, ки Чин тасмим гирифтааст «гувоҳномаи таъсис ва фаъолияти консулгарии генералии ИМА дар Чэнду»-ро бозхонд кунад ва инчунин аз консулгарӣ талаб кардааст, ки ҳамагуна фаъолиятро қатъ кунад ва ба ҳеч амале даст назанад.

Вазорати чинӣ таъкид кардааст, ки тақозои онҳо посухи қонунӣ ва зарурӣ мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ, меъёрҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи дипломатӣ мебошад ва масъулият барои ин рӯйдодҳо комилан бар дӯши Вашингтон вогузор шудааст.

Муколамаи Иёлоти Муттаҳида ва Чин шиддатнок боқӣ мемонад. Ҷонибҳо даъвои иқтисодии тарафайн доранд.

Ғайр аз он, маъмурияти Амрико Чинро дар бораи вазъият бо коронавируси нав айбдор мекунанд. Чин, дар навбати худ, аз мудохилаи Вашингтон ба корҳои дохилии ин кишвар, бахусус дар муносибатҳои Пекин ва Ҳонконг, норозӣ аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here