Мақомоти Чин сафар ба ноҳияи Сзяи вилояти Хэнан ва гаштугузори сокинонро дар шаҳр мамнуъ кардааст. Ин тасмим ба хотири ошкорсозии чанд ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар ин минтақа гирифта шудааст.

Ба иттилои рӯзномаи бритониёии Daily Mail, озмоишҳои се табиби маҳаллӣ натиҷаи мусбат додаанд, аммо дар онҳо ҳеҷ гуна нишонаҳои беморӣ мушоҳида нашудааст.

Рӯзнома менависад, ки дар ноҳияи Сзяи вилояти Хенан наздики 600 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Мақомот роҳҳои даромадро ба ин самт бастаанд ва ҳаракати нақлиёти ҷамъиятию таксиҳо низ пурра манъ карда шудааст. Илова бар ин, баромадан аз хона ба сокиноне, ки дар ҷое кор намекунанд, иҷозат нест.

Гуфта мешавад, вилояти Хенан аз ҷиҳати зичии аҳолӣ дар Чин мақоми сеюмро мегирад, ки беш аз 109 миллион аҳолӣ дорад.

Мақомоти Чин рӯзи 29-уми март эълон доштанд, ки аз паҳншавии коронавирус дар дохили кишвар пурра ҷилавгирӣ кардаанд ва рӯзи баъдӣ ҳам ягон ҳолати фавт аз коронавирус ва ошкор сохтани беморони навро ба қайд нагирифтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here