Истеҳсоли ҳаррӯзаи ниқобҳои тиббӣ дар Чин ба 76 млн дона расидааст, ки ин аз нишондоди 1 феврали соли равон 7,8 бор зиёдтар шудааст, хабар  медиҳад Агентии иттилоотии Синхуа.

Пештар ҳаҷми истеҳсоли ин воситаи ҳимоякунанда дар як рӯз 30 млн донаро ташкил медодааст. Қабл аз короанавирус иқтидори истеҳсолии ниқобчаҳо дар як рӯз то 32 млн дона дониста мешуд.

— Феълан Чин коргоҳҳои истеҳсолиро аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ мекунад, то ҳаҷми истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ афзоиш ёбад, — овардааст Агентии Синхуа дар такя ба таъкиди  Кумитаи давлатии инкишоф ва ислоҳоти Чин.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here