Ҳукумати Чин баъзе маҳдудиятҳои ҳаракатро, ки бар асари дунёгир шудани коронавирус ҷорӣ карда буд, бекор кард. Пас аз он, беш аз 4 ҳазор иншооти сайёҳӣ дар Чин дубора ба кор даромаданд.
Бо сабаби суръат гирифтани коронавирус, Ҳукумати Чин дар ибтидои моҳи март саёҳат ба минтақаҳои сайёҳии кишварро манъ карда буд. Бо гузашти се моҳ ин кишвари осиёӣ тавонист, ки ба вируси корона ғолиб омада, вазъияти қарантиниро дар мамлакат бекор кунад.
Пас аз таваққуфи тӯлонӣ дар рӯзи нахустини саёҳат, ки 1-уми май ба вуқуъ пайваст, асосан сайёҳони дохилӣ аз мавзеъҳои туристии Чин дидан карданд.