Иҷозатномаи ширкати сохтмонии “Комил-2010” пас аз ба истифода додани биноҳои баландошёнаи истиқоматии охирин қатъ карда мешавад. Дар ин бора имрӯз, 26-уми январ, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттиллоъ дод.

Номбурда гуфт, нисбати сифати пасти корҳои сохтмонӣ дар баробари дигар ширкатҳои ватанӣ дар ширкати “Комил-2010” низ санҷиш гузаронида шуда, ҷаримаҳо карда шуданд. Инчунин, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба фаъолияти ширкат таъкидҳо шуд.

— Айни ҳол ин ширкат ҳама ҳуҷҷатҳояшро барои ташхис пешниҳод кардааст, вале то ҳол аз он нагузаштааст. Дар назар аст, ки пас аз гузаштани ташхис қабули бино ба роҳ монда мешавад. Мо ба роҳбарияти ин ширкат гуфтем, ки пас аз қабули хонаҳо иҷозатномаи онњо барои сохтмони биноҳои баландошёна қатъ карда мешавад, — иброз дошт Аҳмадзода.

Сифати пасти корҳои сохтмонӣ дар ширкати “Комил-2010” дар ҳолест, ки сокинони биноҳои баландошёнаи аз ҷониби ин ширкат сохташуда дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят мекунанд.

Онњо бар ин назаранд, ки хонаҳои бунёдшуда ба ягон талаботи сохтмонӣ ҷавобгӯ нест ва илова бар ин, то ҳануз бо гузашти чанд сол хонаҳояшон ҳуҷҷат надоранд. Бинобар ин, маҷбуранд фарзандонашонро дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, дар хонаҳои хешону назидикон ба қайд гузоранд ва барояшон шиноснома гиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here